ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Фавод Амон, муовини сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳамла чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, се тан аз Ҳинд, як нафар аз Покистон ва се тани дигар аз Афғонистон даст доштанд.
"Ҳамаи онҳо аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шудаанд ва шахсияти онҳо таҳқиқ мешавад. Ҳамагӣ узви гуруҳи террористии ДОИШ ҳастанд", - гуфт Фавод Амон.
Тақрибан ҳаволии соати 7 – и шоми рӯзи якшанбеи гузашта як гуруҳи мусаллаҳ худрави бомбгузоришударо дар наздикии дари вурудии зиндони Нангарҳор мунфаҷир карданд ва сипас бо нируҳои муҳофизи зиндон даргир шуданд. Ин даргирӣ ҳудуди 23 соат идома дошт ва муҳоҷимон дар ин муддат девори зиндонро бо инфиҷор шикофта, ба дохили зиндон даромаданд ва 272 зиндониро раҳо сохтанд.
Тибқи иттилои вазорати дифоъи Афғонистон, дар ин ҳамла 11 шӯришӣ даст доштанд, ки илова бар онҳо 29 тан ғайринизомӣ низ кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд.
Суолу фарзияҳои Серенко дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ: ба “ДОИШ” монанд нест
Бино ба ин манбаъ, ҳудуди 10 узви Толибон низ аз сӯи ҷангиёни муҳоҷим кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Фавод Амон мегӯяд, ҳамла ба зиндони Нангарҳор ҷузъи як силсилаҳуҷумҳои гуруҳи террористии ДОИШ дар Нангарҳор буд.
Ба қавли ӯ, гуруҳҳои дигари муҳоҷимон дар амалиётҳои ҷудогона мехостанд шаҳри Ҷалолобод, маркази Нангарҳор ва майдони ҳавоии вилоятро бомбаборон кунанд.
"Неруҳои командуи мо бо ин муҳоҷимон дар вулусволии Беҳсуд вориди ҷанг шуда, онҳоро шикаст доданд. Як гуруҳашонро, ба шумули фармондеҳи қаттоли ДОИШ ба номи Муҳаммад Саид, зинда дастгир кардем, ки сарашон таҳқиқ ҷараён дорад ва ба зудӣ аз натиҷаи ин бозрасиҳо ба расонаҳо иттилоъ хоҳем дод", - гуфт муовини сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, дар зиндони Нангарҳор ҳудуди 1,5 ҳазор маҳбус нигаҳ дошта мешуд, ки аз ин шумора 300 нафарашон доишӣ буданд ва гумон меравад, онҳое, ки муваффақ ба фирор шудаанд, узви ин гуруҳанд.