Касбро намедонанд: Каримова дар бораи мушкили асосии довталабон дар Тоҷикистон

Довталабон дар Тоҷикистон аксаран ба факултаҳои иқтисод ва ҳуқуқ мераванд, зеро онҳо танҳо мехоҳанд  дипломи маълумоти олиро бигиранд ва намефаҳманд, ки пас аз донишгоҳ чи кор онҳо интизор аст, мегӯяд профессор Ирина Каримова
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тӯли солҳои зиёд ҷавонони Тоҷикистон  ихтисосҳои техникӣ ва табииро (ба истиснои тиббӣ) сарфи назар карда, ба ҳуқуқшиносон, иқтисоддонон ва духтурӣ дохил мешаванд.

"Обрӯталош": чаро ҷавонони тоҷик ҳуқуқшинос, иқтисодшинос ва духтур шудан мехоҳанду халос?

Ба гуфтаи Ирина Каримова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Академияи таҳсилот, далел он аст, ки дар самти омӯзиши касбӣ дар мактабҳо кор бурда намешавад ва ҷавонон як факултетро бо ихтисоси васеъ интихоб мекунанду  умедворанд мешаванд, ки маълумоти олӣ ба таври автомотӣ ҳадди аққал ягон корро таъмин мекунад.

Ба гуфти мутахассис онҳо дар бораи пас аз хат дар куҷо кор карданашон ва чи кас шуданашон фикр намекунанд.

“Эҳтимол баччаҳои ҷавонро гуногунрангии касбҳои ояндаи худ ҷалб мекунанд. Охир, боварӣ дорад, ки дар ҳама ҷо иқтисодчӣ лозим аст - вай метавонад ба муҳосиб, менеҷер, корманди бонк кор кунад.  Ҳамин тавр, қариб дар ҳама гуна ташкилотҳои тиҷоратӣ ҳуқуқшинос лозим аст. Аммо суол ин аст, ки оё онҳо дар бозор талабот хоҳанд дошт ", -шарҳ дод Каримова ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, ҳатто бо касби духтур, ки хеле маъмул ва обрӯманд аст, мушкилот вуҷуд дорад - аксарияти довталабон намефаҳманд, ки омӯзиши шашсола дар соҳаи тиб чӣ қадар душвор аст. Аз ин сабаб, бисёриҳо пас аз соли 1-2-юм донишгоҳро тарк мекунанд.