ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар Душанбе тибқи як қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ беҳтарин боғбонро муайян ва ҳавасманд мекунанд.
"Беҳтарин шахсони мутасаддӣ оид ба нигоҳубини дарахтони аз хориҷи кишвар воридшуда, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе шинонида шудаанд, муайян ва ҳавасманд карда шаванд", - омадааст дар дастури раиси шаҳрдор.
Барои муайян кардани ғолибон комиссияи вижа ташкил шудааст.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофотонидани ғолибон 66 000 сомонӣ ҷудо намояд.
Пештар шаҳрдории Душанбе занони кӯчарӯби Душанберо низ ҳавасманд карда буд.
Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба иди занон ва Наврӯз ба занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 1000-сомонӣ тақдим карда буд.