Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расонид

Қонунҳои номбурда барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои пардохтӣ ва дар маҷмуъ барои пешрафти минбаъдаи кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Имрӯз аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даҳ қонун ба имзо расонида шуд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.

Шарҳи дақиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани маошу нафақа

Бино бар иттилои манбаъ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз ҷумали онҳо мебошанд.

Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

Гуфта мешавад, қонунҳои номбурда барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои пардохтӣ ва дар маҷмуъ барои пешрафти минбаъдаи кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.