БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ" дар ВМКБ - ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ВМКБ аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар амалиёт фаъолона иштирок кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ва РВКД дар ВМКБ барои аз муоиниа техникӣ гузаронидани нақлиёт ва ба пуррагӣ ҷамъ намудани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт дар ВМКБ бо номи шартии "Назорат" амалиёти вижа мегузаронад.

"Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар ВМКБ ба саҳми ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки аз санаи 1-ум то 10-уми августи соли 2020 амалиёти муоинаи техникӣ гузаронида мешавад. Барои гузаронидани воситаҳои нақлиёт дар ноҳияҳои вилоят аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ автомошинаи сайёр сафарбар карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Аз аввали соли 2020 то 26-уми июли соли ҷорӣ теъдоди 7 ҳазору 950 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуда, 2 ҳазору 943 ронанда воситаҳои нақлиёти гуногунтамғаи худро дар қаламрави ВМКБ аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузарониданд.

Барои истифодабарандагони воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда, ба 301 ронанда иҷозатномаи махсус барои сиёҳшиша дода шуд.

Гуфта мешавад, ки Ҳадафи асосии гузаронидани воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ин саривақт бартараф кардани камбудию норасогиҳои техникии воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб қарор доштани автомашинаҳо буда, баҳри пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ равона гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар худи маркази ташхиси техникӣ хизматрасонихои БДА, боҷи давлатӣ, суғуртаи воситаҳои нақлиёт, ташхиси таҷҳизотҳои газӣ, муоинаи тиббии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст.

Ҳангоми гузаронидани воситаҳои наклиёт аз таҷҳизотҳои муосири техникӣ аз қабили санҷиши холати заҳрнокии партовҳои автомашинаҳо, таҷҳизоти рушноисанҷӣ таҷҳизоти санҷиши носозиҳои чамбараки автомашина ва таҷҳизот барои санҷиши тамоми қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо муҷаҳҳаз карда шудааст.