Вазорати маориф гуфт, таҳсил имсол чигуна доир мешавад: аз ниқоб то 1 метр фосила

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон расман эълон кард, ки дарсҳо дар тамоми муассисаҳои кишвар 17 август бо назардошти талаботҳои санитарӣ фосила ва ниқоб доир мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ин ниҳод тартиби баргузории машғулиятҳои таълимиро бо ҳамоҳангии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таҳия ва дар сомонааш нашр кард.

То шурӯъи дарс 12 рӯз монд: масъулин аз таъсири COVID-19 ба соҳаи маориф гуфтанд

Тибқи муқаррароти вазорат, омӯзгорон бар асоси тартиби муқарраргардида то оғози соли таҳсил аз муоинаи тиббӣ гузашта, дафтарчаи тиббӣ-санитариро ба маъмурияти муассисаҳои таълимӣ  пешниҳод менамоянд.

“Ҳангоми ворид шудан ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби навбатдор ва ё шахси масъул ҳарорати хонандагон санҷида шуда,  маҳлули безараргардонии дастон истифода мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани таби баланд аз ҷониби корманди тибби муассиса, роҳбари синф ва ё маъмурият падару модари хонанда даъват ва тадбирандешӣ карда мешавад”,-афзудааст вазорат.

Шогирд ба устод ниёз дорад: норасоии омӯзгорон дар ҶТ

Ин ниҳод ба муассисаҳои таълимӣ дастур додааст, маҳлулҳои дезинфексионӣ, ҳароратсанҷҳо таъмин шудаву миёни ҳар баст пурра безараргардонӣ сурат гирифта  ташкил бозгашти бехатари хонандагон ва кормандоне, ки аз COVID-19 сироятёфтаанд сурат бигирад.

Тартиби нави таҳсил ҳамзамон аз ин талабот иборат аст:

 Кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси таббӣ гузаронида шаванд

- Бо мақсади риояи масофа байни хонандагон дар саҳни муассисаи таълимӣ ба андозаи 1,5-2 метр хатҳои уфуқӣ кашида шавад;

- Дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ кормандони тиб ва омӯзгорон мунтазам вазъи саломатии хонандагонро муоина намоянд;

- Хонандагон бояд дар машғулиятҳои таълимӣ ҳатман ба ниқоби муҳофизатӣ ва маҳлули безараргардонӣ (антисептикӣ) иштирок намоянд;

- Дар раванди таълим омӯзгорон бояд аз хонандагон то 2 метр фосила гиранд;

- Толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншоотҳои ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад;

- Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имконият аз синфхона берун гузаронида шавад. 

- Дар раванди дарсҳои технологияи меҳнат духтани ниқобҳои  муҳофизатӣ ба роҳ монда шавад;

- Ҷо ба ҷо гузоштани ҷои нишасти хонандагон бо риояи фосилаи на камтар аз 1 метр (масалан, ба тартиби шоҳмот гузоштани курсиҳо);

Вазорат ҳамзамон таъкид кардааст, ҷамъшавии хонандагон пешгирӣ ва то ҳадди имкон роҳравҳои яксамта таҳия шавад.

Толибилмон дар соли хониши нав чӣ қадар таътил доранд? Тақвими истироҳати хонандагон

Ин ниҳод ҳамзамон барои нигоҳ доштани фосила миёни донишомӯзон дар донишгоҳҳо роҳандозии машғулиятҳоро дар се бастро пешниҳод кардааст.