ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз вазифаи раҳбарии Филармонияи давлатӣ барканор шуда буд, мақоми нав гирифт, дар ин бора бародари ӯ Набиҷон Шодиев дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳунарманди шинохта роҳбарии Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" таъйин шудааст.
Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд
Гуфта мешавад таъйини Афзалшоҳ Шодиев ба ин мақом бо фармони вазири фарханг Зулфия Давлатзода сурат гирифтааст.
Ӯ қаблан тӯли панҷ сол Филармонияи давлатиро роҳбарӣ кард ва замони барканорияш зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рафтанаш аз ин вазифа бо розигии худаш сурат гирифтаст ва аз фаъолияташ дар ин макон хурсанд аст ва мехоҳад каме ба эҷод машғул шавад.
Гиряи кормандон барои раис: Афзалшоҳ Шодиев дар бораи барканорӣ ва нақшаҳои баъдӣ
Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.