Даҳшат: ҳоҷии дузана дар Душанбе духтарчаи 12 - соларо ба никоҳи худ даровард - видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 46 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки болои дузанагӣ, ноболиғи 12 - соларо ба худ никоҳ карда гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, Касиров Давлатманд Саидович машҳур бо Ҳоҷидавлат, ки қаблан бо иттиҳоми қаллобӣ, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16 нарасидааст ва дузанагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буд, боз такроран кирдорҳои ҷиноятии худро идома додааст.

Вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба издивоҷи духтари 11 - сола ва ҷавони 22 - сола дар Эрон

Ба иттилои манбаъ, номбурда баробарии зиндагии якҷоя доштан бо ду зан дар як вақт, ки хилофи қонунгузорист, ин дафъа ноболиғи 12 -  соларо ба никоҳи худ даровардааст.

Навори кашола кардани арӯс дар Қирғизистон баҳси гармеро дар шабакаҳо барангехт

"Ноболиғи 12 - солаи аз худаш 34 сол хурдро, ки ҳамсоли фарзанди хурдияш аст, бар хилофи меъёрҳои дини Ислом бе ширкати волидайн ва наздикон ба никоҳи худ даровардааст" ,-афзудааст манбаъ.

Дар навори видеоӣ худи духтари ноболиғ мегӯяд, аз никоҳ хабар надошт.

 "Омад гуфт, ки маро мегирӣ? Не, шумо чени бобом мешавед гуфтам. Баъдан занаш гуфт, ки “ҳо бигу”. Ман нафаҳмида ҳо гуфтам. Баъдан гуфт, ки ба тамошо мебарад, майлаш гуфтам. Баъдан хостам ва қабулат кардам гуфт. Шаб омадем маҷбур кард, ки дар бари худ ва занаш хоб кунам, аммо ман не гуфтам, ки маро зад. ”

Манбаъ мегӯяд, ӯ аз ноболиғӣ ва ҳолати нотавонию оҷизии хурдсол истифода карда, бо  мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ бо дағалона вайрон кардани дахлнопазирии ҷинсии хурдсол нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқонаро содир кардааст.

Модари духтар дар навор мегӯяд, Касиров Давлатмандро эҳтиром мекард ва намедонист, ки ӯ ба чунин кор даст мезанад ва аз никоҳ бо духтари ноболиғаш низ хабар надошту аз дигар кас шунид ва ба мақомот муроҷиат кард.

Дар Қирғизистон 118 арӯс танҳо дар шаш моҳ рабуда шуд

Вазорат мегӯяд, боздоштшуда ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гашта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино хонаҳои 2016,  218 ва ҳудуди корхонаи харротии бекорхобида ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба иҷора дода, аз ин ҳисоб фоида ба даст меовард, ки он ба ягон қоидаи санитарию бехатарӣ ҷавобгӯ нест.

"Номбурда бо истифода аз оҷизӣ ва эҳтиёҷмандии занони ба иҷора ниёздошта барои таъмин намудан бо ҷойи хоб дар баробари гирифтани маблағи пулӣ аз онҳо тақозо мекардааст, ки бо ӯ ҳамхобагӣ намоянд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати Касиров Давлатманд аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Сино парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.