Рӯзи 5 август дар ҷаҳон чӣ рух дод
Сли 1886 дар ИМА аввалин шумораи рӯзномаи "Америка" бо забони украинӣ нашр шуд.
Соли 1924 дар Туркия бисёрзанӣ манъ карда шуд.
Соли 1999 Эквадор, Ирландия, Казоқистон, Малайзия ва Тунис барои беяроқгардонии кишварҳояшон ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид шомил шуданд.
Соли 1891 аввалин маротиба дар Амрико расиди сафарии "американ экспресс" ба роҳ монда шуд.
Рӯзи 5 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии Федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллиро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар миёни 203 давлат мақоми 155-умро соҳиб гашт.
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон аз рўи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон изҳороти матбуотӣ баён намуданд.
Соли 2010 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти Тоҷикистону Кипр «Стар Мост» ба фаъолият оғоз кард.
Сли 2011 дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе Амфитеатр ба истифода дода шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 5 август
- Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳ (светофор).
- Дар Хорватия – Рӯзи миннатдорӣ ба ғалаба ва шарофати Ватан.
Рӯзи 5 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Солҳои (1930-2005) – ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон Раҳмон Сафаров.
Соли 1944 – рассом, ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Юсуфҷон Сангов.
Соли 1947 – нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов.