Ҷудошавӣ дар рӯзи мавлуд: ҳимоятгар ҷудошавии Гордон ва Абдулвосиеваро шарҳ дод

Ҳимоятгари ровии барномаҳои телевизионӣ Александр Гордон ҷудошавиаш бо ҳунарпеша ва режиссёр Нозанин Абдулвосиеваро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ҳимоятгар Жанна Маргулис ҷузъиёти ҷудошавии муҷрии машҳури барномаҳои телевизионӣ Александр Гордонро бо Нозанин Абдулвосиева дар суҳбат бо "Комсомольская правда" нақл кард.

"Оромона ҷудо шуданд, чунин менамояд, ки рӯзе дар рӯи ба рӯи ҳам нишаста ва қарор карданд, ки ҳамингуна хубтар мешавад. Ба фикри ман ин ҷудошавӣ ба таври мутамаддин сурат гирифт", - гуфт ҳимоятгар Магрулис.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки тавонист сирри ҳимоятгарии ҷудошавии ин ду шахсияти машҳурро чӣ дар давраи гуфтушунид ва чӣ замони додгоҳ нигоҳ дорад, чун хабари ҷудошавии онҳо пас аз ним моҳ расонаӣ шуд.

Гордон аз абераи Миршакар ҷудо шуд: 2 фарзанд ва 6 сол зиндагии муштарак доштанд

"Сирри ҳимоятгарӣ ҳамин аст", - афзуд ӯ.

Рӯзи ҷудошавӣ бо рӯзи зодрӯзи Абдулвосиева рост омад ва ҳимоятгар гуфт, ин воқеъа ногаҳонӣ рух дод, чун рӯз аз ҷониби суд муайян карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 4 август маълум шуд, ки Александр Гордон, рӯзноманигори шинохтаи рус аз ҳамсари чаҳорумаш Нозанин Абдулвосиеваи 26 - сола ҷудо шудааст.

Онҳо замоне оиладор шуда буданд, ки Гордон 50 - сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 - сол дошт ва тайи шаш соли зиндагии муштарак онҳо соҳиби ду писар Александр ва Федор шуданд.

Ба иттилои манбаъ,  дархости ҷудо шудан аз сӯи Нозанин сурат гирифта, додгоҳ 17 - уми июл издивоҷи онҳоро бекор кард.

Ба гузориши додгоҳ, зану шавҳар ҳамаи масъалаҳои алимент ва амволро мустақилона ҳал кардаанд ва аз ин рӯ, дар ҷараёни ҷудошавӣ баҳсе ба миён наомад.

Александр Гордонро дар Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани хабари издивоҷаш бо Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари шинохта Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохта Мирсаид Миршакар бештар шинохтанд.