Вокуниши мақомоти Эрон бар филми “Хиёнат”

Ахиран филме бо номи “Хиёнат” дар тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ин филм, ки ҳеч ному нишоне аз созандаи он вуҷуд надорад, асосан суҳбат аз ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва роҳбари он Муҳиддин Каибирӣ рафтааст.

“Хиёнат” ба сурати як мустанади 210 дақиқаӣ дар се бахш намоиш дода шуд, ки дар он эътирофоти афроди маҳкум ва боздоштшуда пахш гардидааст.

Изи мо дар ҳамла нест: Эрон сафири Тоҷикистонро даъват карда, нотаи эътирозӣ супурд

Бештар эътирофоти писари ама, бародарзан ва ронандаи роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ оварда шудааст.

Дар ин филм борҳо ба “Кишвари барои мо маълум” ишора мешавад, ки бархе расонаҳои мухолифи Эрон ин кишварро Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста, бардошт аз ин филмро дахолати Эрон дар умури дохилии Тоҷикистон зикр кардаанд.

Зеро дар ин филм гуфта мешавад, ки кишвари барои мо маълум ба ҷавонони тоҷик омӯзишҳои низомӣ ва террористӣ медодааст, то алайҳи ҳукумати ин кишвар иқдом кунанд.

Дар ин замина Алии Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон ба хабарнигори Sputnik Эрон дар Теҳрон гуфт: - Мо муҳтавои филм ва ё нияти созандагони номаълуми онро бар асоси тафсирҳои расонаӣ қазоват намекунем. Эрон ва Тоҷикистон як рӯҳ дар ду бадан ҷуғрофиёӣ ҳастанд.

Мо муттааҳид ба олитарин сатҳи эҳтиром ба ҳукумати мустақил ва роҳу равиши зиндагӣ дар кишвари Тоҷикистон ҳастем.

Ҳамчунин иродаи мо дар муроқибат аз ин муносибатҳои таърихиву гусастнопазир дар баробари сӯитафоҳумҳо ва сӯизанҳои (бадгумониҳои) тавтеаомез, тағйирнопазир буда ва таҳти таъсири фазосозии расонаӣ қарор нахоҳад гирифт.

 Алии Рабеӣ бо таъкид бар муштаракоти густардаи фарҳангӣ ва торихии ду кишвар, изҳор дошт: - Мо аз тамоми ҳунармандону мустанадсозон даъват мекунем, ки ҳиммати бештаре барои бознамоии умедофарӣ аз аҳамияти равобити миёни Эрону Тоҷикистон ва зарурати густариши он то сарҳади баҳрабардории ҳаддиаксарӣ аз тамоми зарфиятҳои билқувваи ду миллат ба харҷ диҳанд.