ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Имрӯз соати 13:18 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон зилзила ба амал омад.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила дар 245 км шимолу шарқи Душанбе, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон — 12 км шарқи Исфара воқеъ будааст.
Сокинони Тоҷикистон: замин сахт ҷунбид, ҳамсояҳо аз тарс ба берун баромаданд
Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" қувваи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил дод.
Тоҷикистонро заминларзаи 4 - балла такон дод
Манбаъ афзуда, ки дар бораи хисороти зилзила иттилоъ дода нашудааст.