Ситоди Хатлон: тадбирҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми вирус пурзур мешаванд

Дар толори мақомоти вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, муовини раиси Ситоди вилоятӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ қайд кард, ки ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти вилояти Хатлон айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.да р ҷаласаи мазкур қайд карда шудааст, ки ба ҳолати 4 августи соли равон, дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 34 нафар беморон бистарӣ буданд.

Ҷаласаи Ситод: Расулзода аз Вазорати тандурустӣ чӣ хост?

“Субҳи имрӯз ду нафар ба хона ҷавоб дода шуда, ду бемори дигар ба беморхона ворид гардиданд”, таъкид доштаст Фирӯза Шарифӣ.

Ҳамзамон, Фирӯза Шарифӣ зикр кадааст, ки фаъолияти Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус бояд ҷоннок карда шавад.

Ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази дезинфексионӣ ва дигар идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору фурӯшгоҳҳо, тарабхонаю ошхонаҳо, ҷойҳои серодам тадбир андешанд.

Таъкид гардид, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини табобатхонаҳо бо маводи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба гирифторони бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш ва тақвият бахшидани тадбирҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ тадбирҳои фаврии иловагӣ андешанд.

Дар ҳамин ҳол, ситоди вилоятӣ қарор кард, ки Раёсати зиддиинҳисории вилоят якҷо бо мақомотҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.