Русия эълон кард, кай ваксинаи зидди COVID-19 миёни кӯдакон санҷида мешавад

Русия тасмим дорад дар моҳҳои январ ва феврал ваксинаи зидди вируси коронаро миёни кӯдакон имтиҳон кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Маркази тадқиқоти миллии ба номи Гамалеи тасмим гирифтааст, санҷиши ваксинаи зидди вируси коронаро дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 миёни кӯдакону наврасон имтиҳон кунанд, иттилоъ додааст  ба хабаргузории РИА Новости роҳбари марказ Александр Гинсбург.

“Мо ҳоло санадҳои дахлдорро омода дорем, чун қаблан ҳеҷ гоҳ пажуҳишгоҳи мо санҷишҳои ваксинаро дар кӯдак имтиҳон накарда буд. Пизишкони кӯдакон хусусияти инро медонад ва мо дар якҷоягӣ бо онҳо санадҳои дахлдорро омода дорем, ки ба вазорати тандурустӣ пешниҳод хоҳем кард. Санадҳои мазкур барои он лазим ҳастанд, ки мо тавонем санҷишҳоро миёни кӯдакон идома диҳем, танҳо пас аз анҷоми санҷишҳои миёни калонсолон”, - гуфт Гинсбург

Ба гуфтаи вай, санҷишҳо зимистон оғоз мешаванд, чунки марҳилаи севуми санҷишҳои ваксинаи зидди вируси корона миёни калонсолон ҳудуди панҷ моҳ тӯл мекашад. Дар он беш аз ду ҳазор довталабон иштирок хоҳанд кард.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Санҷиши ваксина бар зидди вируси корона сохти Русия

Қаблан вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко дар бораи анҷоми санҷишҳои ваксинаи зидди вируси коронаи истеҳсоли Маркази миллии пажуҳиши эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи эълон карда буд.

Вай қайд кард, ки мақомот ваксинатсияи сартосариро моҳи октябри соли равон шурӯъ хоҳад кард. Дар марҳилаи аввал ваксинатсия дар  “гуруҳҳои вижа” ба хусус пизишкон ва муаллимон сурат мегирад.  

Ин ваксина дар якҷоягӣ бо мутахассисони ин марказ ва вазорати дифои Русия ба даст омадааст. Дар авохири моҳи июли соли равон аз беморхонаи вазорати дифоъ  гурӯҳи дуюми 20 довталабро ҷавоб доданд. Зимни ин санҷишҳо дар бадани ҳар як довталаб иммунитет дар муқобили вируси корона пайдо шуд  ва ҳеҷ аломате манфӣ мушоҳида нашуд.

Ҳамчунин санҷишҳо дар маркази “Вектор” низ анҷом шудааст. Ин марказ тасмим дорад ба истеҳсоли ваксина моҳи ноябри соли равон оғоз намояд.