Мо устои бомпӯш: се ҷавон ба хонаи зани 72-сола даромада, ӯро заданду дасту пояшро бастанд

Се ҷавони аз 24 то 33-сола худро устои бомпӯш муаррифӣ карда, ба хонаи як зани оҷиза ворид шуда, аввал латукӯб кардаанд, сипас дасту пояшро бо рӯймол баста, хонаашро ғорат кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Се ҷавон як зани 72-соларо лутукӯб карда, ғорат карданд, гузориш медиҳад РВКД Душанбе.

Панҷ соли зиндони Абдураҳмонов барои латукӯби 2 зан дар маркази шаҳр

Ба иттилои манбаъ, онҳо худро устои бомпӯши хона муаррифӣ намуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Роҳила Дадабоеваи 72-сола, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе ворид гардидаанд.

Онҳо соҳибхоназанро зери латукӯб қарор дода, маблағҳои зиёди пулиашро рабудаанд, афзудааст манбаъ.

 

Милисаҳои Душанбе муайян кардаанд, ки ҷавонони муттаҳам ба ин амали ноҷавонмардона Холиқов Абдухолиқ Абдураҳимовичи 33-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Савдои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, қаблан 3 маротиба бо ҷурмҳои гуногун суд шудааст; Исоев Фаромарз Азамшоевичи 33-сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Лоиқов Муҳаммадшоҳ Хайруллоевичи 24-сола, с, сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.

"Муттаҳамон ба тариқи ошкоро ба манзили истиқоматии пиразани 72-сола ворид шуда, ӯро зери латукӯб қарор дода, ҳамзамон бо рӯймол дасту пояшро бастаанд. Баъд аз бастану таҳдид намудани пиразан гумонбарон ашёи манзили истиқоматиро парешон намуда, маблағҳои пулии ҷабрдидаро рабудаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

8 соли зиндон ба сокини Ҳисор баъди бозгашт ба ватан: дар Русия таҷовузу дуздӣ кард

Ҳодиса 10 июли соли равон рух дода, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ин 3 нафар бо моддаи 249-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.