Марг баъди наҷот: писараки 17-соларо аз об гирифтанд, вале дар роҳ ба бемористон ҷон дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон менависад, ба ин наврас кормандони ниҳод кӯмаки аввалия расонида, ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале писарак дар роҳ ба бемористон ҷон бохт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 4 август, тахминан соатҳои 12:00 рух дод.

Гуфта мешавад, писараки ғарқшуда, 17-сола, сокини  кӯчаи Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт будааст.

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ин ҳодиса дар дарёи Душанбе, наздикии Маркази гармидиҳии №2, воқеъ дар маҳаллаи Хоҷамбиёи поён рух додааст.

"Гурӯҳи зудамали Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса расид ва якҷо бо сокинони маҳаллӣ ҷавонро аз об берун оварданд. То омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҳама кумаккҳои аввалияи тиббӣ барояш расонда шуд", - менависад манбаъ.

Пайдо шудани ҷасади зани номаълум аз соҳили дарёи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аммо мутаассифона, дар роҳи интиқол ба бемористон наврас ҷони худро аз даст дод, афзудааст КҲФ ва аз волидон хоҳиш кардааст, ки фарзанонашонро беназорат нагузоранд ва ба шаҳрвандон таъкид кардааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.