Дар Русия ҷавонеро дастгир карданд, ки дар Душанбе ҷустуҷӯ мешуд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҳудуди кишвар як муҳоҷиреро боздошт карданд, ки тайи 4 сол аз додгоҳи мақомоти Тоҷикистон фирор мекард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти Русия хабар медиҳанд, ки дар Магнитогорск як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд. Ӯ тайи чор сол ба пайгард эълон шуда буд.

Ҳамлаи посбони мусаллаҳ ба муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург
Ин шаҳрванди хориҷиро пас аз бонги изтироб аз яке аз шӯъбаҳои полис дастгир кардаанд.

"Кормандони шӯъбаи полис ба Росгвардия хабар додад, ки ба шуъба марди шубҳаангезе ворид шудааст. Пас аз тафтиш кардани ҳуҷҷати вай маълум гардидааст, ки ин ҷавони соли таваллуди 1992 дар Тоҷикистон 4 сол инҷониб ба пайгард эълон шуда будааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

 

Маълум аст, ки мақомоти Русия ҷавони боздоштшударо бо дархости ҷониби Душанбе мекофтанд. Аммо маълум нест, ки ӯ дар ватан ба кадом ҷиноят гумонбар дониста мешавад.

Боздошти сокини Петербург барои қатли муҳоҷири тоҷик: ҷавони 22 - соларо буғӣ карда кушт