Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

“Амонатбонк” боз аз Бонки давлатии рушди Чин 60 миллион юани чинӣ қарз мегирад
Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд