Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Лубнон бино бар таркиши мудҳиш дар Бейрут изҳори тасаллӣ кардааст ва ба ҷароҳатбардоштагон шифои комил хостааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бино бар инфиҷори бузург дар Бейрут ба президенти Лубнон Мишел Аун барқияи тасаллӣ ирсол кард. Дар ин бора дафтари матбуоти президент гузориш медиҳад.

Дар ин барқия раисҷумҳур бино бар қурбон гаштани даҳҳо тан дар пайи ин ҳодиса изҳори андӯҳ кардааст.

"Хабари ба амал омадани таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон, осеб дидани ҳазорҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳмон ба кишвардори Қазоқистон барқияи тасаллият ирсол намуд

Аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба Шумо ва тамоми сокинони кишвари дӯсти Лубнон изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ва ба зарардидагон шифои комил хоҳонам, гуфтааст вай ба Мишел Аун.

Ёдрас мешавем, шоми сешанбе дар минтақаи бандарии Бейрут таркиши  шадид рух дод. Нисфи биноҳои шаҳр осеб дидаанд, беморхонаҳо аз осебдидагон пур  гаштаанд.

Шумораи қурбониён 78 тан эълон шуда, дар ҳоли афзоиш аст.

Сарвазири Лубнон Ҳасан Дияб нигоҳдории номуносиби 2750 тонна селитраи аммиакро дар бандар дар тӯли шаш сол сабаби  таркиш  номид.

Изҳори тасаллияти Раҳмон ба Си Ҷинпин ва Синдзё Абэ дар робита ба обхезиҳои ахир

Бо сабаби ин фоҷиа дар Лубнон мотами серӯза эълон шудааст. Президенти кишвар Мишел Аун аз аъзои ҳукумат хоҳиш намуд, ки ба ҷаласаи изтирорӣ ҳозир шаванд, то ин ки дар мамлакат ба муддати ду ҳафта вазъи фавқулода эълон карда шавад.