Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ваксинаи сохти Русия алайҳи COVID - 19 барои кӯдакон дастнорас аст: сабаб дар чист?

Бар тибқи қонунгузории Русия, ваксина бояд даври пурраи озмоишӣ дар калонсолонро гузарад ва танҳо пас аз ин эм кардани кӯдакон иҷозат дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Русия озмоиши клиникии нахустин ваксина алайҳи коронавирус анҷом ёфт ва феълан он дар марҳилаи ба қайд гирифтан қарор дорад.

Дар СҲШ содироти ваксина бар зидди вируси коронаи сохти Русияро баррасӣ доранд – навор

Зимнан, истеҳсоли ин ваксин моҳи сентябр оғоз меёбад ва авоили моҳи октябр эмгузаронии сартосарӣ дар Русия сурат мегирад. 

Қаблан, Вазорати тандурусти Русия хабар дода буд, ки эмгузаронӣ дар кишвар комилан ройтгон ба роҳ монда мешавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Аммо ваксини сохти Русия алайҳи маризии коронавирус имсол барои кӯдакон дастнорас хоҳад шуд. Сабаб дар он аст, ки даври пурраи озмоишии ваксина нахуст дар одамони калонсол бояд гузарад ва сипас эмкунии кӯдакон иҷозат дода мешавад.

"Ман умедворам, ки ваксина барои кӯдакон муносиб хоҳад буд, аммо тибқи қонунгузории Русия ваксинаро дар кӯдакон танҳо пас аз гузаштани давраи пурраи санҷиш дар одамони калонсол, пешниҳод кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, вақте марҳилаи саввуми санҷиш ба итмом мерасад, он гоҳ кӯдаконро низ имкони эмгузарондан  мумкин мегардад", - гуфт роҳбари Маркази Миллии Тадқиқотӣ ба номи Гамалея Александр Гинтсбург.

Чанде пеш, Михаил Мурашко вазири беҳдошти Русия гуфта буд, ки нахуст аз марҳилаи эмгузаронӣ пизишкон ва омӯзгорон мегузаранд.

"Кӯдакон ба далели сабук гузарондани ин маризӣ то ҳол мавриди эмкунӣ қарор намегиранд", - изҳор дошт Мурашко.