Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700 - солагии Камоли Хуҷандиро интихоб кард - акс

Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб намуд, хабар медиҳад котиботи Президент.

 

Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700 - солагии Камоли Хуҷандиро интихоб кард - акс

 

Ба иттилои манбаъ, рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Хӯшаи гандум": рамзи нави Данғара дар даромадгоҳ чигуна аст - акс

Рамзи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ доирашакл буда, гирдогирди рамзро се хат - сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Дар гирди рамз бо забони тоҷикӣ "Камоли Хуҷандӣ" навишта шуда, дар поёни он "700" бо рақам нишон дода шудааст.

Инчунин дар поёни акс рамзи шараф низ ҷой гирифтааст.