Раҳимзода ҷавонони Бадахшонро ба кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард

Рамазон Раҳимзода ёдовар шуд, ки ду сол қабл айнан чунин пешниҳод унвонии ҷавонони ВМКБ равона гардид ва имсол ҳам сохторҳои мақомоти умури дохилӣ омода ҳастанд ҷавонони ин вилоятро ба кор қабул намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ахиран дар нишасти матбуотӣ ба масъалаи бекорӣ миёни ҷавонон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуда, афзуд,мақомоти умури дохилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тайёранд, ҷавонони ин вилоятро ба кор фаро гиранд.

Сафи бекорон дар Бадахшон боз зиёдтар шуд: даҳҳо нафар кормандонро аз вазифа ронданд

Вазир ёдовар шуд, ки соли 2018 ба ҷавонони ВМКБ пешниҳод шуда буд, ки дар сохторҳои мақомоти умури дохилӣ дар дигар манотиқҳои Тоҷикистон рафта фаъолият кунанд.

Таъкид гардид, ки ба 100 нафар ҷавонон аз ин вилоят кор дар НБО-и "Роғун" ва дар ҷузъу томҳои ВУД ба ҳайси муҳофиз пешниҳод шуда буд.

Файзов: эътимоди мардуми Бадахшонро на танҳо дар сухан, балки дар амал низ эҳсос мекунам

Инчунин дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ барои 100 нафар ва дар шаҳри Исфара ба ҳайси духтур барои 10 нафар, ҳамшираи тиббӣ- 10 нафар, муаллим- 15 нафар, муаллима- 15 нафар ҷойи кор мавҷуд аст. Музди меҳнати кормандон аз 700 то 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Вазир афзуд, ки имрӯз ҳам сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ омода ҳастанд, ки ҷавононро ба кор қабул намоянд. Ҷавонон низ дар навбати аввал бояд худашон хоҳиши кор кардан дошта бошанд.