Нохушӣ дар оилаи Комиловҳо: ҳалокати се узви як оила ва мусофир зимни садамаи нақлиётӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи он чор нафар ҳалок шудаву ду тани дигар захмӣ гаштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат, ҳодисаи нохуш рӯзи гузашта тахминан соати 06:30-дақиқа дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш сар задааст.

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Комилов Хуҷавалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Сангвор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Сангвор ба самти шаҳри Душанбе дар 78 километрии роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ воситаи нақлиётро ба чуқурии 70-метр чаппа намудааст.

“Дар натиҷа, ронанда Комилов Хуҷавалӣ Нуралиевич ва мусофирони автомашинаи мазкур Комилов Нуралӣ, соли таваллудаш 1955, Комилов Сайвалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1996, Хоҷаев Наврӯз Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2003, сокинони ноҳияи Сангвор дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.

Гуфта мешавад, мусофирони дигари ҳамин автомашина, Хоҷаев Раҷабалӣ Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2001 ва хурдсол Хоҷаев Муҳаммадҷон, соли таваллудаш 2013, сокинони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоша, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ин дуввумин садамаи мудҳиш аст, ки тайи се рӯзи ахир сар мезанад.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: писараки 7-сола ҳалок шуд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи гузориш дод, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як худрави ҳомили шаш нафар, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, ба ҷарии ҳудудан 200-метра сарозер шуд.

Дар натиҷа ронандаи автомобил, падари хонавода ва тифли тақрибан яксолааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.