ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Ожонсӣ Шукуров Нуъмонҷон Дадаҷонович дар вазифаи ронанда-дастурдиҳандаи Пойгоҳи автоматикунонидаи автомобили ҶСП “Рушди роҳнавард” дар шаҳри Хуҷанд кор карда истода ба чунин амал даст задааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Дадобоев Муродҷон Муминович, барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “Б” 4100 сомонӣ маблағ талаб кардааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда дар ду маврид маблағи 4100 сомонӣ гирифта, тасарруф намуда, ба охирин зарарӣ ҷиддии моддӣ расонидааст.
Боздошти директори ширкати сохтмонии “Муҳаммадҷон 2011” барои қаллобӣ ва сохтакорӣ
Ожонсӣ мегӯяд, дар ин хусус нисбати Шукуров Н.Д. бо моддаи 247 қисми 2 банди “в г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.