Ҳамлаи террористӣ дар Киев: шаҳрванди Ӯзбекистон бо бомб таҳдид карду бонкро забт намуд

Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки яке аз бонкҳоро дар дохили маркази бузурги тиҷоратӣ забт кард, талаб дорад, ки ӯро бо пахши мустақим тариқи телевизион намоиш диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Забти маркази тиҷоратӣ аз ҷониби шаҳрванди Ӯзбекистон чун ҳамлаи террористӣ унвон шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Вазорати корҳои дохилаи Укриана.

Хабар дар бораи забти маркази тиҷоратӣ рӯзи 3 август ба мақомоти пулис расид. Ҳамлагар дар маркази бузурги тиҷоратии "Леонардо" воқеъ дар ноҳияи Шевченкои Киев қарор дорад.

"Намояндаи "Универсал бонк" занг зада хабар дод, ки марди номаълуме тақрибан 35 сола гуфт дар ҷузвдонаш бомб дорад ва талаб кард, ки пулисро ҷеғ зананд. Кормандони бонк дохили биноро тарк карданд, вале раҳбарияти бонк бо хоҳиши худ он ҷо монд", - навиштааст муовини раҳбари ВКД Украина Антон Герашенко дар саҳифаааш дар Facebook.

Кормандони мақомоти қудратӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда бо мард гуфтугӯ карданд. Бино бар хабари ВКД ҳамлагар шаҳрванди Ӯзбекистон, соли таваллудаш 1988 мебошад. Мувофиқи хабари пешакӣ ин мард Суҳроб Раҳматович Каримов мебошад.

"Дар паи гуфтугӯ мо фаҳмидем, ки ин мард мехоҳад ба пахши мустақими шабакаҳо барояд. Ҳатто ба назди мо омада пурсиданд, ки оё имконияти баргузор кардани ин кор ҳаст. Мумкин ин талаби ӯ иҷро шавад, чун ин ҷо аллакай роҳи баргузории ин корро ҷустуҷӯ доранд. Феълан аз дохили маркази тиҷоратӣ мардумро берун мекунанд", - менависад шабакаи News One.

Дар Маскав аз ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шуд: боздоштшуда муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ

Герашенко изҳор дошт, ки мақомоти пулис аниқ намедонанд, ки ӯ бомба ё силоҳ дорад ё не.

Тоҷик аст? Тоҷикистон ҳуввияти нафаре, ки нияти ҳамлаи террористӣ дошт, месанҷад

"Ӯ талаб дорад, ки расонаҳоро ба назди ӯ биёранд ва ӯ мехоҳад мусоҳиба диҳад. Давомаш чун сенарияи Лутск идома мекунад, фақат мо намедонем, ки ӯ дар воқеъ бомб дорад ё не" , - гуфт Герашенко рӯзи 3 август дар мусоҳиба бо телевизиони "Украина 24".

Тибқи охирин хабар кормадони ВКД ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ унвон кардаанд.