Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август идома кард. Ин нахустин олимпиада дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд.
Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.
Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.
Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980
Маросими пӯшидашавии Олимпиада рӯзи 3 август баргузор гардид. Барномаи консертӣ чанд соат идома кард.
Байрақи сафеди олимпӣ фароварда шуд ва таҳти навои Эдуард Артёмов "Эй варзиш ту ҳамеша пешравӣ ҳастӣ" духтарон бо пироҳанҳои якранг ба майдон баромаданд ва композитсияи даврони Юнони қадимро нишон доданд. Оташи олимпӣ ҳамон лаҳза хомӯш шуд.
Дар рӯи экран симои Хирсак - рамзи Олимпиадаи соли 80-ум намудор шуд. Расми Хирсакро навиштаҷоти "Роҳи сафед" ҳамроҳӣ мекард.
Яке аз ҳассостарин лаҳазот ашкрезии хирсак шуд.
Дар охири маросим меҳмононро сюрприз интизор буд. Дар мобайни майдон таҳти суруди "Хайр Маскав" дар иҷрои Лев Лешенко ва Татяна Антсиферева хирси бузурге бо пуфакҳо пайдо шуд.
Таҳти суруд ва замоне, ки Хирсак ба ҳаво бармехост, аксари мардум ашк мерехтанд.
Олимпиадаи соли 1980 то ҳол дар хотири меҳмонон ва аксари тамошобинону варзишкорон нақш бастааст. Ин бозиҳо яке аз боадолаттарин дар таърихи варзиш шинохта шудаанд, зеро пас аз итмоми онҳо ягон аризаи шикоятӣ ба комиссияи варзишӣ ворид нашудааст.