ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Содироти маҳсулоти ватанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар Тоҷикистон ба 14,7 дар сад афзудааст. Дар ин бора раиси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ҳамчунин ширкатҳои тоҷикии "Комбинати хӯроквории шаҳри Бохтар" ва "Аввалин" ба Русия 40 ва ба Литва 20 тонна тарбуз содир карданд.
Бино бар иттилои агентӣ, дар нимсолаи якуми соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ ба маблағи 654,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 83,6 миллион ё 14,7 дар сад зиёд аст.
Бобозода афзуд, дар ин давра Тоҷикистон бо 112 давлат, аз ҷумла 10 кишвари ИДМ ва 102 кишвари хориҷии дигар муносибати савдои хориҷӣ ба роҳ мондааст.
То 1 июли соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 97 ҳазору 77,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳазору 435,2 тонна бештар аст.
Аз ҳаҷми умумии содирот сабзавот - 78058 тонна ва меваҷот 8399,2 тоннаро ташкил медиҳад.