Аз “Бародарони мусалмон” то ҲНИТ: боздошти 274 террорист дар Тоҷикистон дар шаш моҳ

Сардори Раёсати ҷинояткории муташаккил эълон кардааст, ки дар давраи сипаригашта аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохила ҳамаги 274 нафар аъзоёни ташкилотщои террористӣ ва экстреместӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шоди Хафиззода, сардори Раёсати ҷинояткории муташаккил имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки миёни 274 нафаре, ки боздошт шуданд, 203 нафараш аз ташкилоти экстреместӣ - террористии “Бародарони мусалмон”, 27 нафар аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстреместии “Давлати исломӣ”, 17 нафар Салафия, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, се нафар ҲНИТ, се нафар “Ал-Қоида”, ду нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, як нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, як нафар аъзои гурӯҳи Толибон ва як нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ” буда, дар ҳоли ҳозир, онҳо дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

Абдулқодирзода, гуфт террористон аз намояндагони динҳои дигар чӣ талаб доранд

Ҳамзамон вай қайд кард, ки дар ин давра 92 нафар дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд.

Вай азфуд нисбати онҳое, ки аз хоитҷ баргаштанд эзоҳи  моддаҳои гуногуни кодекси ҷиноятии Тоҷикистон татбиқ карда шуд.   

Дар ҳамин ҳол, зимни нишастӣ матбуоти вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро таъкид кард, ки ахиран ба ВМКБ сафари хидматӣ дошта аз вазъи дар сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон огаҳи пайдо кардааст.

Ба гуфтаи вай, ҳоло вазъ дар марз ором аст ва кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо марзбонон ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳимояи марз машғул ҳастанд.