"3 000 деҳ, хориҷ намекунам": парвандаи декани Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон

Нисбати декан вобаста ба кирдорҳои содирнамудааш парванда оғоз карда шуда, айни замон тафтишоти пешакӣ ба итмом расида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд мегуяд, декани Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон даст ба қаллобӣ зада, маблағи як шаҳрвандро аз худ намудаст.

Оғози парванда алайҳи Шералиев, декани факултаи иқтисод ва бизнес

Бино ба иттилоъи ин ниҳод, Эгамов Мухтор Ҳасанович дар вазифаи декани факултаи электромеханикаи Донишкадани кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Облоқулов Воҳид Мирзоқулович, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултаи мазкур аз шаҳрванд Ғ. А., барои хориҷ накардан аз Донишкадаи мазкур 3000 сомониро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудаанд.

“Нисбати Эгамов М., вобаста ба кирдорҳои содирнамудааш бо дастрасии моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б, в, г” (қаллобӣ) и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, айни замон тафтишоти пешакӣ ба итмом расида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст”, - иттилоъ медиҳад Ожонсии мубориза бо фасод.

Ин ниҳод дар нишасти хабариаш иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 339 ҷинояти олуда ба фасодкорӣ ва иқтисодии характери коррупсионидоштаро ошкор кардааст.

ВУД: Мудири Коллеҷи пизишкии Конибодом ҳангоми дарёфти пора дастгир шуд

Дар ин миён ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, Кумитаи заминсозӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар ошкор шудааст.