ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар шарҳи наворҳои нашркардаи Сафҳаи фейсбукии осорхона навишта шудааст, ки нақлҳои устод дар бораи зиндаги ва фаъолияти худ, ҳар ҳафта, рузи ҷумъа соати 16:00 доир мешавад.
Дар навори аввал Ҷӯрабек Мурод бо нишон додани аксҳои таърихӣ бо бузургони миллат аз қабили Мирзо Турсунзод, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Қутби Киром, Лоиқ Шералӣ лаҳзаҳои вохӯриву нишастҳо ва ҳазҳояшонро нақл мекунад.
Ба гуфти нобиғаи санъати тоҷик, ин нафарон беҳтарин фарзандони донишмаду фарзонаи миллат буданд, ва ҳамеша суҳбатҳои фарҳангиву созанда доштанд.
Сарояндаи шинохта ва Ҳунарманди мардумии СССР мегӯяд “се падар” дорад: падари худаш, падари маънавӣ ва падари сиёсияш.
“Муродбек Олимӣ, падари худам, Мирзо Турсунзода, падари маънавиям ва Ҷаббор Расулов, падари сиёсиям аст. Ман назди ин нафарон ҳамеша қарздорам ҷояшон биҳишт бод”,-мегӯяд ҳунарманд.
Хотироти Ҷӯрабек Муродов аз мулоқоте, ки бо Аҳмад Зоҳир як моҳ пеш аз маргаш дошт - Видео
Номбурда ҳамчунин аз сӯхтори осорхонааш ёдовар шуда, гуфт, беш аз бист фисад чизҳое, ки оригинал буд сӯхтанд.
“Ман дар ҳаётам бисёр нагиристаам. Фақат дар даргузашти падару модар дӯстои наздик гиря кардаам, аммо дар сӯхтори осорхонаам низ сахт гирифтам. Чун ин меҳнати ҳалоли эҷодии ман буд”.
Ӯ ҳамчнин гуфт, осорхона бо дастгирии раҳбарони вақти вилояти Суғд таъмир шуд ва ҳамзамон унвони давлатиро гирифт.