Бурду бохтҳои Музаффар: ҷудои аз падар, лимонфурӯшӣ дар бозору рӯ овардан ба кино - видео

Музаффар Шодиев коргардон ва нақшофарандаи чандин филмҳои тоҷик мебошад. Ӯ ба хотири рағбат доштан нисбати синамои тоҷик аз баҳри тиҷорати худ гузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Музаффар Шодиев дар меҳмонии "Ногуфтаҳо" бо Орзу Исо рӯзноманигор ва шоири муосири тоҷик аз овонӣ кӯдакӣ то рӯ овардан ба синамои тоҷик қисса намуд.

Ба нақли Шодиев, ӯ аз падар ба далели зани дигар гирифтан ва оилаи нав барпо кардан, хеле барвақт ҷудо шуд. Бо бародари худ аз хурдсолӣ бори гарони зиндагиро пуштора намуда, нагузоштанд модари онҳо чашмнигар ва дастнигари касе шавад.

"Модарам саратон дорад": гиряи Орзу Исо аз суҳбати пурдарди Сарвиноз Юсуфӣ-видео

Музаффар гуфт, дар бозор нахуст ба фурӯши селофан машғул шуда, сипас ба тиҷорати молҳои майда шурӯъ намудааст.

Замоне тиҷорати калон ҳам доштанд, аммо ба хотири дилгармӣ доштан ба синамои тоҷик, ӯ аз баҳри тиҷорати худ гузашт ва комилан дар дунёи кино ғутавар шуд.

Хандаю гиряи Мадина: суҳбат аз ҷудоии волидон, таҳдид бо корд ва ошиқи қафқозӣ-видео

Коргардон ва ҳунарманди ҷавон бовуҷуди ҷудоӣ аз падар гиламанд нест ва гуфт, ки " нофаҳмиҳо миёни падару модарамон буд, ки ба мо дахл надорад ва ҳаққи онҳоро интиқод кардан ҳам надорем".

Ба хотири рушди синамои тоҷик, Музаффар қарздор ҳам шуд, вале бо саъю ғайрат ин мушкилиро паси сар кард. 

Филмҳое, ки Музаффар дар онҳо ба ҳайси коргардон ва ё ҳатто қаҳрамон нақш меофарад, сирф тарбиявӣ ҳастанд.