Чаро мутахассисони «Роспотребнадзор»-и Русия ба Тоҷикистон рафтанд?

Гурӯҳи ҳафт нафараи мутахассисони “Роспотребнадзор”-и Русия ҳамроҳ бо мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо даъвати мақомоти Тоҷикистон вориди ин кишвар шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бар асоси гузориши намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон, коршиносони ин созмон дар ин сафар ба гурӯҳи кории миллӣ барои тақвияти хадамоти озмоишгоҳӣ дар посух ба корона ва ҳамчунин сохтори озмоишгоҳи Маркази амалиёти изтирории беҳдошти умумӣ кумак хоҳанд кар, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Мутахассисони Роспотребнадзор барои мубориза бо COVID-19 боз ба Тоҷикистон меоянд

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин ба Тоҷикистон гурӯҳи 7 нафараи мутахассисони “Роспотребнадзор”-и Русия, ки шомили ин ҳайат ҳастанд, аз системаи мавҷуди баррасии натиҷаҳои озмоишгоҳӣ ва ҳамчунин ҷараёни натиҷаҳо дар Тоҷикистон, баррасиву таҳлил ва иқдомоти дақиқеро барои тақвияти системаи мудирияти натиҷаҳои озмоишгоҳии КОВИД -19 пешниҳод мекунанд.

 Тибқи барнома дар ин боздид системаҳои озмоиш ва муаррифҳое, ки аз суи “Роспотребнадзор”таҳия шудааст, барои анҷоми 20 ҳазор озмоиши ташхиси вируси корона дар ихтиёри ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон қарор дода мешаванд.

Бояд қайд кард, ки то кунун “Роспотребнадзор” ба Тоҷикистон ройгон барои анҷоми 50 ҳазор озмоиши вируси корона таҷҳизоти лозима додааст.