“Барқи тоҷик” шумори ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро эълон кард

Ширкати “Брқи тоҷик” ахиран зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб дода шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik.   Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, таъкид доштааст, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» 11 931 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқро ба қайд гирифта,  ба маблағи  беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб доданд.

Қарзҳо – “ҳамсафари доимӣ” – и “Барқи тоҷик” – омор

Номбурда зикр кардааст, ки аз ин ҳисоб 8, 7 миллион сомонии он пардохт шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода ширкат бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти қувваи барқ ва сари вақт ҷамъ овардани маблағи барқи истифодашуда тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбоби барқии куҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбоби барқии замонавӣ иваз намояд.

Ҳамзамон зимни нишастӣ матбуотӣ қайд карда шуд, ки бо маблағгузории ширкат дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд ва ноҳияҳои Ёвону, Рӯдакӣ 22 ҳазору 599 ҳисобкунаки кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб шуданд.

“Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ин омил ба сарфаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағҳо мусоидат намуда, инчунин, боиси бартараф шудани садамаҳо дар таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳо гардид”, - гуфт Мирзо Исмоилзода.