Рӯзи 31 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1920 Ҳизби коммунистии Британияи Кабир таъсис дода шуд.
Соли 1941 дар ИМА полиси ҳарбӣ ташкил гардид.
Соли 1961 ба Исроил муҳоҷири шумораи миллионум ворид шуд.
Соли 1965 дар телевизионҳои Британияи Кабир рекламаи тамоку манъ карда шуд.
Соли 1971 ситорашиноси америкоӣ аввалин маротиба ба моҳ баромад.
Соли 1994 Шӯрои Амнияти СММ барои ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар барқарорсозии сохтори конститутсионии Гаити иҷозат дод.
Рӯзи 31 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба истифодаи пурраи саноатӣ супорида шуд.
Соли 2013 дар шаҳри Маскав Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла роҳҳои татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуданд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Америка дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар кард.
Ҷашнҳои рӯзи 31 июл
- Рӯзи занони Африқо.
- Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи падар.
Рӯзи 31 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1914-1987 – ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Санавбар Боқиева.
Соли 1940 – рассом Валерий Манин.
Иди Қурбон
Имсол рӯзи 31 июл дар кишварҳои мусалмоннишин аз ҷумла Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешавад.
Иди Қурбон- яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Дар иди Ал- Адҳа ва ё Иди Қурбон мусалмонон ба хотири анҷоми ҳаҷ қурбонӣ мекунанд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Соли равон Иди Қурбонро рӯзи 11-уми август ҷашн мегиранд ва то 4 рӯз яъне 15 август тӯл мекашад.
Аксари кишварҳо санаи ҷашни Иди Қурбонро аз руйи рӯзе, ки Додгоҳи олии Арабистони Саудӣ муқаррар мекунад, қайд мекунанд.
Дар Тоҷикистон бошад санаи мушаххаси ҷашни Иди Қурбон аз қарори Шӯрои уламо вобаста аст.
Таърихи Иди Қурбон
Ин ҷашн аз анҷоми маросими ҳаҷ дарак дода ва дар рӯзи 10 - уми моҳи зулҳиҷҷа ба хотири қурбонии пайғамбар Иброҳим қайд карда мешавад. Худи калимаи Иди Қурбон арабӣ буда, маънои “ҷашни қурбони”-ро дорад.
Мувофиқи китоби муқаддаси Қуръон, фаришта Ҷабраил дар хоби Иброҳим - пайғамбар зоҳир шудааст ва ба ӯ фармудаст, ки писари худ Исмоилро қурбонӣ кунад.Иброҳим дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи задгоҳ дар сарзамини Мино ҳаракат мекунад. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад.
Иброҳим вақте талошҳои шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.
Падару писар чун ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд.
Ва ҳамин ки Иброҳим корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: "Эй Иброҳим, ту хоби худро ба амал баровардӣ!" ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: "Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем".
Қоидаҳои таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон дар соли 2020 - замони ҳамагирии COVID - 19
Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон рўзи 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.
Ҳамин тавр, бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии короновирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳдоштани аҳолии кишвар аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.
Бе идгардак
Бо назардошти вазъияти кунунӣ Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар рўзи ид мардум аз қабули меҳмонон худдорӣ намуда, таъоми омоданамудаашонро ба хонаҳои кўдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳанд, зеро ки аҷру подоши зиёд дорад.
"Хотиррасон менамоем, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сирояти COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил намудани идгардаки калонсолон ва хурдсолон эҳтимолияти паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Беҳтар аст, ки ҳар нафаре аз хонаи худ дар ҳаққи гузаштагон дуо кунанд, зеро дуо аз ҳар ҷо қабул мешавад".
Ба тақвияти гуфтаҳои боло Шӯрои уламо аз фармудаҳои Пайғамбар (с) овардааст: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд: «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».
"Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти фатвои Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар воҷиб аст. Аз ин рў, қотеона тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон қатъиян худдорӣ намоянд", - таъкид мекунад Шӯрои уламо.