ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Баҳодиҳии вазъи эпидемиологӣ ба мо имкон намедиҳад, ки имрӯз дар бораи пурра бекор кардани маҳдудиятҳо барои вуруд ба Русия сӯҳбат кунем, гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини директори Департаменти корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Русия Алексей Зайцев.
"Дар айни замон, диққати махсус ба барқарорсозии тадриҷии парвозҳои байналмилалии ҳавоӣ равона карда шудааст", гуфт намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия.
Ӯ гуфт ниҳод ҳамаи маълумоти ҷамъоваришударо дар бораи қоидаҳои вуруди русҳо ба дигар кишварҳо ба муассисаҳои махсус: Росавиатсия ва Роспотребнадзор мефиристад.
"Омодагии шарикони мо барои қабули парвозҳои хориҷӣ ва талаботҳои махсус, ки дар ин робита пешниҳод шудаанд, таҳлил карда мешавад, мониторинги вазъи санитарӣ ва эпидемикӣ дар кишварҳои хориҷӣ бо мақсади дақиқ кардани рӯйхати кишварҳое, ки барқарор кардани иртиботашон имконпазир аст, ташкил карда шудааст", қайд кард Зайцев.
Гуфтугӯи Душанбею Маскав барои роҳандозии парвозҳо: Агентӣ гуфт, санаи дақиқро намедонад
Инчунин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия меъёрҳои барқароршавии ҳаракати ҳавопайморо ба ёд овард: Сатҳи гирифторӣ дар 14 рӯз набояд аз 100 ҳазр нафар аҳолӣ 40 нафарро ташкил диҳад, суръати миёнаи рӯзонаи афзоиш 1%, сатҳи паҳншавӣ на бештар аз 1 нафар бошад.