Трамп пешниҳод намуд, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико ба таъхир гузошта шавад

Далели ба вақти дигар гузоштани интихоботи раёсатҷумҳуриро Трамп нахуст ба хатари маризии коронавирус ва дувум ба дахолати дигар кишварҳо ба раванди интихобот арзёбӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Кишвардори Амрико Доналд Трамп пешниҳод намуд, ки интихоботи қарибулвуқӯъ ба вақти дигар гузошта шавад.

Майки хурдакак, ангуштатро налес: масхараи Трамп аз номзад ба раёсатҷумҳури Амрико - видео

Вай зарурати ба таъхир гузоштани интихоботро ба таҳдиди сирояти коронавирус ва имкони дахолати дигар кишварҳо ба интихобот тавассути овоздиҳӣ тариқи почта арзёбӣ кард.

"Агар овоздиҳии умумӣ тавассути почта сурат гирад, он гоҳ  интихоботи соли 2020 дар таърих ғайривоқеӣ ва тақаллубтарин хоҳад буд. Ин барои Амрико таҳқири бузургаст. То он даме, ки мардум роҳату бехатар ба интихобот омада овоз надиҳад, ин маъракаро бояд ба таъхир гузошт", навиштааст трамп дар сафҳаи худ дар Твиттер.

Ҳамзамон, ба гуфтаи намояндаи ҳукумати Трамп Ҳоган Гидли, сарвари феълии Амрико масъалаи ба таъхир гузоштани интихоботро пас аз талаби демократҳо бобати ба роҳ мондани овоздиҳӣ тариқи почтаҳо, ба миён гузошт.

 

Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентии Амрико рӯзи 3 ноябр таъин шудааст. Бо вуҷуди ин, дар кишвар мубоҳисаи фаъол дар бораи чӣ гуна гузаронидани онҳо дар замони пандемия матраҳ аст.