ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Афзоиши бемории коронавирус дар нимаи аввали моҳи сентябр метавонад коҳиш ёбад, менависад "Российская газета".
Гурӯҳи кории Маркази салоҳиятнокии SPbPU NTI як модели математикии паҳншавии коронавирусро таҳия кардааст. Тибқи натиҷаҳои бадастомада, дар муассисаҳои таълимӣ мавҷи дуввуми сироят метавонад сар шавад.
Гурӯҳи кории Маркази тасалоҳиятнокии НТИ СПбПУ як модели математикии паҳншавии коронавирусро таҳия кардааст. Тибқи натиҷаҳои бадастомада, дар муассисаҳои таълимӣ мавҷи дуввуми сироят метавонад сар шавад.
Алексей Боровков, ноиби ректор оид ба лоиҳаҳои ояндадори СПбПУ, ҳаммуаллифи гурӯҳи кории “Технет” Ташаббуси миллии технологӣ мегӯяд, ин ба он вобаста аст, ки донишҷӯёни ғайришаҳрӣ ва ҳатто хориҷиён ба донишгоҳҳои Маскав ва Санкт-Петербург меоянд,
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳама омӯзгорони аз 65-сола болои муассисаҳои таълимӣ дар минтақаи хатар қарор доранд.
Пажӯҳишгар чунин мешуморад, ки донишҷӯёне, ки ба омӯзиш меоянд, бояд барои коронавирус санҷида шаванд ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ба карантини 14-рӯза фиристода шаванд.
Чигуна метавон зукомро аз коронавирус фарқ кард - посухи коршинос
Олим илова намуд, ки барои коҳиш додани хатари паҳншавии коронавирус, дур буданро дар ҷомеа риоя бояд кард, ниқоб пӯшид ва ҳамаи дастурҳои табибон оид ба гигиенаро риоя кард.