Ҳамнишини шабҳо: нашри тарона ва намоҳанги нави Нигина Амонқулова-видео

Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик суруд ва намоҳанги ҷадидро нашр кардааст, ки аллакай даҳҳо шарҳи мусбат гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Студияи Qiam Entertainment намоҳанг ва суруди ҷадиди Нигина Амонқлова, зери унвони “Ҳамнишини шабҳо”-ро нашр намудааст.

Оҳанги суруди ҷадид моли Ботур ва матнаш маҳсули эҷоди Орзу Исо, рӯзноманигор ва шоири тоҷик мебошад.

Таронаро тайи чанд рӯз пас аз нашраш наздики 100 ҳазор нафар дидаанд.

Хонум Амонқулова, аз сарояндагони камназири мусиқии попи тоҷик аст, ки дар саҳна ва намоҳангҳояш бо либоси тоҷикӣ намудор мешавад. Аммо дар ин намоҳанг ӯ бо тарҳу усул ва муди нави хоси фаронсавиҳо пайдо мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Нигина Амонқулова ва овозхони дигари муосир Мадина Акназарова суруди "Фаромӯш накун" -ро бо забони Шуғнонӣ сароида буданд.

Муштариёни ҳунармандон чунин дуэтро хуш истиқбол карда буданд ва онҳоро даъват карданд, ки зуд-зуд якҷоя сурудҳои дугона бисароянд.