Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Раҳмон аз вазирон иҷрои ҳатмии супоришҳоро талаб кард: Маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид

Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти паҳншавии пандемия ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар супориш дод , то ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода баранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Рӯзи30 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд.

COVID - 19 ва фармудаи Паёмбар: Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо иди Қурбон табрик кард

"Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 вазъи иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, шарикони асосии тиҷоратии кишвар ва дигар мамлакатҳои олам дар робита ба паҳншавии бемории нави сироятии короновирус, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ва тамоюли рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 ба инобат гирифта шудааст".

Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ба роҳ монанд.

Аъзои Ҳукумати лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ”, Дар бораи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи ҶТ ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024 ва Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024-ро муҳокима карданд.

Дар маҷлиси Ҳукумат Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040” ҳисоботи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода ва Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди телевизион барои солҳои 2021-2025 ҳисоботи раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид шунида шуд.

Баҳси коронавирус ва ғизо дар маҷлиси Ҳукумат: гузориши вазир ба Президент

Ба Ҳукумат ва вазорати тандурустӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пандемияи короновирус дар муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар захираи зарурии маводи дорувориро таъмин кунанд, ба хотири пешгирии мавҷи дуюми паҳншавии бемории короновирус табибонро аз бозомӯзӣ гузаронанд ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарӣ гигиэнӣ ҷоннок намоянд.

Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумат, бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишварро ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои президент барои таъмини нақшаи кишти такрорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимии кишвар ба соли нави хониш ҷалб кард.

Ҳамчунин президент вобаста ба камобии имсола сарфакорона истифода кардани нерӯи барқ баҳри рафъи мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистода ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, захираи кофии маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, дастгирии табақаи ниёзманди кишвар дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ, ҷалб карда, аз ҳамаи масъулини сохторҳои давлатӣ иҷрои ҳатмии онҳоро талаб намуд.