Нусратулло Давлатзода гуфт, сабаби кам ҷамъовари шудани андоз дар чист

Роҳбарияти Кумитаи андоз имрӯз эълон карданд, ки дар шаш моҳи соли равон ба буҷети кишвар нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 372,5 миллион сомонӣ кам маблағ ворид гардидаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, сарфи назар аз чораҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз дар якҷоягӣ бо мақомоти кишвар андешидашуда дар натиҷаи таъсири як қатор омилҳо нақшаи муқарраршудаи андозҳо ва дигар пардохти ҳатмӣ ба андозаи 92,9 дарсад таъмин шуда, ба буҷет нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 372,5 миллион сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Аз андоз сарпечӣ кард: Ожонси зидди фасод намояндаи "Озод сохтмон"-ро дастгир кард

Вай афзуд, ки иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ин давра аз ҳисоби Раёсати андози андозсупорандагони калон ва чаҳор шаҳру ноҳияҳо таъмин нагардид.

Ҳамзамон мақомдор таъкид дошт, ки ба таъмини нагардидани иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ин давра омилҳои зерин таъсир расонданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон: Кодекси нави андоз то охири сол пешниҳод мешавад

“Аз ҳисоби корхонаи калонтарин ва ширкатҳои мобилӣ дар ин давра бино бар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет 488,0 миллион сомонӣ андозҳо ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи муқарраршуда 211,4 миллион сомонӣ кам мебошад”, - қайд кард раиси Кумитаи андоз.

Ҳамзамон, Нусратулло Давлатзода зикр кард, ки дигар омилҳое, ки ба таъмин нашудани иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ таъсир расониданд, ин нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо фаъолият накардан ва коҳиш ёфтани манбаъҳои андозбандишаванда аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои хизматрасонии ҳамин соҳаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, муваққатан фаъолият накардани як қатор субъектҳои хоҷагидор, аксар бозорҳо ва марказҳои калони тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, кам шудани воридоти мол ба қаламрави Тоҷикистон, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана ва ногувор шудани вазъи молиявии баъзе аз корхонаҳо, паст шудани қобилияти харидории шаҳрвандон ва кам шудани шумораи коргарон аксариятит субъектҳои хоҷагидор мебошад.

Нақшаи андоз дар Суғд иҷро нашуд

“Бо назардошти вазъияти баамаломада, интизоми андозсупории андозсупорандагон коҳиш ёфта, аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқии амалкунанда зиёда аз 13 дарсад онҳо ()4560 адад) муваққатан аз фаъолият бозмонда, зиёда аз 15 дарсад чунин субъектҳо (5200 адад) ҳисоботҳои худро ба мақомоти андоз ба таври сифрӣ ё ин, ки дар дигар ҳолатҳо зиёда аз 10 ҳазор андозсупорандагон эъломияҳои андозиро сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод накарданд”,  - гуфт раиси Кумитаи андоз.

Ӯ таъкид дошт, ки барои пешгирии қонунвайронкуниҳо, ислоҳи камбудиҳо ва таъмини пешниҳоди эъломияҳо, бо ин субъектҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратии  иловагӣ андешида шуда истодааст.