ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Тавре дафтари матбуоти президент менависад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияаш ба мардуми Қирғизистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Дар иртибот ба эълон кардани рӯзи мотами миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар кишвар ҳамдардиву таъзияи амиқи ин ҷонибро ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон иброз намуда, ба гирифторони ин бемории сироятӣ шифои ҳарчи зудтар хоҳонам", - омадааст дар он.
Дар идома президенти Тоҷикистон афзудааст, мо ҷараёни нигаронкунандаи дар сатҳи ҷаҳонӣ паҳн гардидани вируси сироятии “Ковид-19”-ро бо изтироби амиқ пайгирӣ менамоем.
"Бовар дорам, ки Қирғизистони дӯст бо сарбаландӣ мушкилоти вобаста ба пандемияро бартараф мекунад ва тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати гирифтани пеши роҳи он ва ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ андешида мешаванд, ҳатман натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳанд овард", - таъкид кардааст ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон дар анҷом гуфтааст, ки Тоҷикистон ба қадри имкон омодаи кӯмак ба кишвари ҳамсоя аст.
"Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо изҳори итминон намоям, ки ҷониби Қирғизистон метавонад дастгирӣ ва мусоидати имконпазири моро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад", - афзудааст кишвардори Тоҷикистон.
Фавти 38 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз: аз ҳама беш дар Бишкек