Мо гунаҳгор нестем: эътирози вазорати умури хориҷаи Туркманистон ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон бо интишори баёнияе ба гузориши хабарнигори як шабакаи телевизеонӣ, ки гуфтааст ҳавои гарми рӯзҳои охир аз қаламрави Туркманистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, эътироз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ин баёния, ки дар сомонаи Вазорати умури хориҷаи Туркманистон мунташир шуда, хабарнигори яке аз шабакаи телевизеонӣ барои зикри номи ин кишвар, ба надоштани малакаи касбӣ, бесаводӣ ва кӯтоҳандешии сиёсӣ муттаҳам шудааст.

Дарёфти ҷасади шаҳрванди Туркманистон аз канали Ҳисор

“Таъкид бар ин нукта, ки ҳавои гарм аз Эрон ба Туркманистон ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон расидааст комилан беасос мебошад, зеро таъсири ҳавои гарм, ки аз ғарби Осиё вориди минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад бар асоси мушоҳидоти тӯлонии идораи ҳавошиносии Туркманистон, дар кавирҳои ин кишвар ночиз аст” – омадааст дар баёнияи Вазорати хориҷаи Туркманистон.

Дар ин баёния гуфта шудааст, дар шароити густариши вируси корона, ки гуфта 239 донишманди вирусшинос аз 32 кишвари ҷаҳон ин вирус метавонад муддати тӯлонӣ дар ҳаво боқӣ бимонад, интишори гузориш аз вуруди ҳавои гарм аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба маънои иттиҳом задан ба Ашқобод дар бораи интишори ин вирус мебошад, ки ғайри қобили пазириш аст.

Туркманистон токунун ба таври расмӣ ҳеҷ мавриде ба мубтало шудани шаҳрвандонаш ба Ковид-19-ро гузориш накардааст, аммо дар рӯзҳои ахир ба истифодаи шаҳрвандон аз ниқоб ва ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ таъкид кардааст.