Кумитаи андоз: “Фароз” дигар вуҷуд надорад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ширкати “Фароз” аз моҳи апрели соли равон фаъолияташро қатъ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, бино ба асноде, ки дар Кумитаи андоз ҳаст, ин ширкат расман ба фаъолияти худ хотима гузоштааст.

 “Азбаски фаъолияташ расман қатъ шудааст, дар қайди Рӯйхати ягонаи андозсупорандагон нест. Ҷараёни барҳамдиҳӣ хеле тӯлонӣ сурат гирифт. Онҳо ҳанӯз соли гузашта муроҷиат карда буданд. Ҳуҷҷатҳоро омода карда, моҳи апрел ин равандро ба охир расониданд”, - гуфт Нусратулло Давлатзода.

Мавсуф ба саволҳои рӯзноманигорон дар ин бора, ки “Фароз” номи худро иваз карда ё ба корхонаҳои алоҳида тақсим шудааст, посухи мушаххас надод ва фақат гуфт, ширкат корашро қатъ карда, ба ҷойи он ширкатҳои дигар фаъолият доранд, аммо аз шарҳи ин посух низ худдорӣ варзид.

Нусратулло Давлатзода гуфт, сабаби кам ҷамъовари шудани андоз дар чист

“Фароз” нимаи моҳи сентябри соли 2019 дар бораи ихтиёрӣ барҳам хӯрданаш хабар дод. Он замон ширкат дар изҳороти худ сабаби ин тасмимро тоб наовардан ба рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ унвон карда, фурӯши амвол, рухсатии кормандон ва иҷрои як қатор уҳдадориҳояшро эълон карда буд.

Пас аз изҳорот дар бораи ихтиёран барҳамдиҳӣ “Фароз” 17-уми сентябр дар торнамои худ рӯйхати амволи ба фурӯш гузоштаашро дар доираи барҳамдиҳӣ нашр кард. Мувофиқи рӯйхат, 4 анбори нигаҳдории сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон, 8 пойгоҳи автомобилӣ ва 1 мактаби тайёркунии ронандагон, ҳамчунин 9 маркази муоинаи техникии автомобилӣ ва таъмири мошинҳо, 3 корхонаи истеҳсоли бетон, шағал ва хиштро низ ба фурӯш гузошт.

Сарфи назар аз изҳороти ихтиёран барҳамдиҳӣ моҳи ноябри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони терминал – истгоҳи мошинҳо ба самти шаҳру навоҳии Ҳисору Турсунзода ва Шаҳринав ба ширкат 3 гектар қитъаи замин ҷудо кард.

Моҳи августи соли 2019 ба “Фароз” дар се нуқтаи вилояти Суғд барои сохтмони терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ 4,99 гектар қитъаҳои замин ҷудо карда шуд.

Ширкат дар шаҳрҳои Панҷакенту Исфара ва ноҳияи Мастчоҳ бояд терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ бунёд кунад.

“Фароз” ширкати бисёрсоҳавие буд, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, шурӯъ аз хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад. Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе воқеъ аст.

Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.