COVID - 19 ва фармудаи Паёмбар: Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо иди Қурбон табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, анҷом додани амалҳои нек ва дароз намудани дасти саховату ҳиммат ба ниёзмандон аз ҷумлаи амалҳоест, ки Худованд барои онҳо ба шахсони саховатманд подошу аҷри зиёд фармудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо Иди Қурбон муборакбод гуфта, ҳамагонро ба саховатпешагӣ ва меҳрубонӣ даъват кард.

Ӯ гуфт хайру садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесарпарасту камбизоат ва ниёзмандон аз ҷумлаи амалҳои савобе мебошад, ки анҷом додани он аз ҷониби Пайғамбари ислом низ борҳо таъкид шудааст.

Се амали нек

Ба гуфти президент, фарҳанги ислом беҳтарин арзишҳои маънавию ҳаётӣ, ба монанди омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, заҳмати созандаву ободгарона, дӯстиву рафоқат ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Раисиҷумҳур аз Паёмбари ислом мисол овард, ки фармудааст: "Вақте инсон аз дунё меравад, ҳамаи амалҳои вай қатъ мегарданд, ба ҷуз се амали ӯ, ки подош ва аҷри он баъд аз маргаш низ барояш мерасад. Аввалан, садақа, яъне корҳои хайре, ки инсон дар ҳаёти худ барои манфиати мардум анҷом дода бошад, сониян, донише, ки баъд аз худ гузоштааст ва саввум тарбияи фарзанди солеҳе, ки дуои хайр кунад".

Дар ин росто президент даъват кард, ки "ҳамаи мову шумо бояд тамоми саъю талош ва ғайрату ҳиммати худро ба корҳои созандаву ободгарона, дӯст доштани Ватан, кӯшишу талош барои пешрафту осоиши он, таҳкими истиқлолу озодӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ равона сохта, дар амри хайри дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кардани ҷавонон саҳмгузор бошем".

Қоидаҳои иди Қурбон дар соли 2020 : муроҷиати Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

Ба гуфти президент, дини ислом, сарфи назар аз мансубияти милливу иҷтимоӣ, нажод ва дину мазҳаб, одамонро ҳамеша ба ваҳдату ҳамгироӣ, муносибати неку хайрхоҳона ва ҳамкории созанда даъват менамояд.

Аз ин нуқтаи назар, бояд дар байни ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳон равобити неку ҳасана барқарор бошад ва онҳо ба ҳамдигар дар ҳалли мушкилот кумак расонанд.

Хатари COVID - 19

"Бахусус, муқовимат бо коронавирус, ки имсол ба мушкилоти ҷиддитарини ҳаёти аҳли башар табдил ёфтааст ва пешгирӣ кардани сирояту паҳншавии минбаъдаи он қарз ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад ва ҳар як фард бояд вазифаи худро бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа софдилона иҷро намояд", - гуфт ӯ.

Ситоди ҷумҳуриявӣ: барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми COVID - 19 идгардак накунед

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бинобар ин, дар айёми таҷлили иди саиди Қурбон қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустии мамлакат ва дигар санадҳои аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо мақсади пешгирӣ намудани густариши сирояти коронавирус қабулшударо қатъиян риоя кардан бевосита ба манфиати мардум, саломативу ҳаёти ҳар як шахс ва ҳам мутобиқ ба ҷавҳари таълимоти башардӯстонаи дини ислом мебошад.

Ӯ бори дигар ёдоварӣ кард, ки дар чунин давраҳои мушкил мардум бояд нисбат ба ҳар вақти дигар эҳтиёткору ҳушёр бошанд, ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд, ба ҳамдигар, аъзои оила, хешу табор, наздикону ҳамсояҳо меҳрубониву ғамхорӣ зоҳир намоянд ва хусусан, дастгирии ятимону маъюбон, камбизоатҳо ва оилаҳои азодорро фаромӯш накунанд.