Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи бисту нӯҳуми июл Рӯзи байналмилалии паланг буда дар Молдавия – Рӯзи Конститутсия ва дар Руминия – Рӯзи суруди миллӣ мебошад
Sputnik

Рӯзи 29 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1783 дар Исландия заминҷунбии харобиовар ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 9 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, якчанд дарё самти равиши худро дигар карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 28 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1919 Ҳизби сотсиалистии ИМА таъсис дода шуд.

Соли 1930 аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Англия ба Канада парвоз кард.

Соли 1943 1 миллион нафар сокинон шаҳри Гамбург Олмонро тарк карданд.

Соли 1994 дар Австралия ҳарорати аз ҳама пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки он -23,0°С-ро ташкил дод.

Рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1961 аввалин маротиба анҷумани зиёиёни тоҷик баргузор гашт.

Соли 2004 Раҷаби Мирзо, журналист дар манзили зисташ латту кӯб шуд.

Соли 2009 нахустин парвози мустақими "Сомон Эйр" дар хатсайри Душанбе - Франкфурти Олмон.

Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2009 масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои иқтисод, амният ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро имзо намуд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе Меморандум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати Покистон ба имзо расид.

Соли 2011 Ҳукумати Тоҷикистон Шӯро оид ба амнияти озуқаворӣ таъсис дод, ки сарварии он ба уҳдаи Оқил Оқилов гузошта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 тасдиқ карда шуд.

Соли 2014 Президент ва Роҳбари вақти Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 июл

  • Рӯзи байналмилалии паланг.
  • Дар Молдавия – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Руминия – Рӯзи суруди миллӣ.

Рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Сергей Музаффаров (1918 – 1986) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Олег Солюс (1917 – 1965) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Кирилл Станюкевич (1911 – 1986) – доктори илми биологӣ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Шаҳобиддин Сўҳравардӣ (1133 – 1191) – файласуфи форс – тоҷик.

Олимҷон Хўҷамуродов (1948) – доктори илми филологӣ, профессор.

Ҳасан Ҳайдаров (1957) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Раҳим Ҳошимов (1939) – доктори илми филологӣ, профессор.

Назири Нусрат (1983) - журналист.