Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон тозатарин омор аз мавориди фавту сироятёбӣ то шифо ёфтани шаҳрвандон аз маризии коронавирусро нашр намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Шабонарӯзи ахир 44 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Мунтазири парвозҳо: дар барқарории хатсайрҳои Тоҷикистону Русия чӣ мушкилӣ ниҳон аст

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон ба ин маризӣ дасти кам 7320 нафар мубтало гардидааст.

Бино ба иттилои Вазорати мазкур, дар як шабонарӯзи охир 96  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 38 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Лукашенко, ки COVID - 19 - ро "психоз" гуфт, иқрор шуд худ мубталои ин маризӣ гардида буд

Дар муддати аз 30 апрел то санаи  29  июл  дар мамлакат  6103 (83,3%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 60  нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.