Боздошти заминфурӯшон дар Хуҷанд: бо маслиҳати масъулини Кумитаи идораи замин мекардаанд

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд гуфт, баъзе шаҳрвандон ба фурӯши замин дар шаҳри Хуҷанд даст задаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Аваззода Шараф, сардори Раёсати мазкур дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоле нисбати шаҳрвандон Ахмедов Алӣ Саидович, Ашрапов Бахтиёр Раҳматович ва Фозилов Ином парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин гурӯҳи ашхос бар ивази маблағҳои пулӣ ба тақсими ғайриқонунии заминҳо машғул шудаанд.

Шиддати назорати нақзи қонунгузории замин: қурбонии калонаш Баҳром Иноятзода буд

“Муайян гардид, ки Ахмедов А. С., Ашрапов Б. Р., Фозилов И. ва дигарон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо масъулини Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд аз маҳаллаи 14 -15 ва 27-уми шаҳри Хуҷанд қитъаҳои заминҳоро ба шаҳрвандон ҳамчун заминҳои наздиҳавлигӣ бар ивази маблағҳои пулӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда додаанд”, иттилоъ дод Аваззода.

Сардори Ожонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки ин гурӯҳи сокинон, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ 1, 68 гектор заминҳои фонди озод (захиравӣ) и шаҳри Хуҷанд воқеъ дар маҳаллаи 27-умро барои бунёди сохтмон худсарона ба 27 нафар ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ тақсим карда додаанд.

Худро корманди Кумитаи замин мегуфт: боздошти 2 нафар ба иттиҳоми қаллобӣ

Бино ба ҷойдошти чунин ҳолатҳо нисбати Ахмедов А. С., Ашрапов Б. Р. ва дигарон бо моддаҳои 247 қисими 4 банди “б” (қаллобӣ) ва 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а, б” Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, зимнан тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Раҳмон гуфт, раисони шаҳру навоҳӣ чи қадар қарори ғайриқонунии тақсими замин баровардаанд

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати кормандони Кумитаи заминсозӣ дар шаҳру навоҳии Суғд, 14 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионидошта ба қайд гирифта шудааст.