Пеш аз ҳама НБО “Роғун”! Қатъи сармоягузории иншоотҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон

 Вазири молияи Тоҷикистон қатъи сармоягузории як қатор иншооти сохтмониро ба маблағи 789 миллион сомонӣ таъйид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, қисми зиёди маболиғе, ки аз буҷет барои иҷрои барномаҳои ҳукумат ҷиҳати ҷилавгирӣ аз маризии “вируси корона” ё Ковид – 19 ихтисос ёфт, аз ҳисоби сохтмонҳо ё маблағҳои мутамарказ аст.

Вазорати молия: нақшаи буҷет иҷро нашуд

“Тибқи тартиби махсуси сохтмони иншоотҳо аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ, вақте фисади муайяни иншоот сохта шудаасту зарурати қатъи сохтумон пеш меояд, ё ба истилоҳ сохтмон консерватсия мешавад, маблағгузорииаш солҳои баъд пас аз фароҳам шудани шароити молиявӣ анҷом хоҳад гирифт. Ҷараёни мазкур аз сӯи идораҳҳои дахлдор танзим мешавад. Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯйхати иншоотро барои ихтисор ё кам кардани маблағгузорӣ пешниҳод мекунад. Ихтисор ё кам кардани ҳаҷми маблағзуории сохтмони иншоотҳо боз ҳам ба афзалияте, ки ба тандурустӣ бештар таваҷҷӯҳ кунем, рабт дорад”, - гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Қаблан аз коҳиши сохтмони иншоотҳо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд. Бино ба иттилои ин ниҳод, фақат барои таҷлил аз ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон сохтмони 23 ҳазору 862 иншоот тарҳ шуда буд, ки 11 ҳазору 112 – и онҳо анҷом шуда, 9 ҳазору 417 иншоот дар ҳоли сохтан ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, вазири молияи Тоҷикистон изҳор дошт, ки маблағгузории нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бидуни таъхир ё вақфа иҷро мешавад.

Маълум шуд агрегати сеюми НБО Роғун кай ба кор дароварда мешавад

“Мо метавонем барои хароҷоти сохтмони ин иншооти бузург маблағгузориро идома диҳем. Ҳарчанд ҳоло ба самти иҷтимоӣ афзалият додаем, вобаста ба иҷрои нақшаи буҷет ва ҳам нақшае, ки мо бо Хазинаи байнулмилалии асъор мувофиқа кардаем, сармоягузории ин иншоотро идома хоҳем дод”, - гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Суръати сохтмон дар Тоҷикистон 24 дар сад афзоиш ёфтааст 

Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 2,1 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷет тахсис ёфтааст, ки то ба ҳол 1,2 миллиарди он истифода шудааст.