Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Лукашенко, ки COVID - 19 - ро "психоз" гуфт, иқрор шуд худ мубталои ин маризӣ гардида буд

Кишвардори Белорус Александр Лукашенко, ки қаблан маризии сироятии коронавирусро ҷиддӣ қабул намекард, изҳор дошт худ мубталои ин маризӣ гардид ва зуд шифо ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Александр Лукашенко зимни боздидаш аз як қисми низомии Вазорати умури дохилаи ин кишвар, дар ҳузури низомиён гуфт, ки маризии коронавирусро аллакай паси сар кард, хабар медиҳад Sputnik Белорусия.

Раисҷумҳур изҳор доштааст, ки маризии ӯ бидуни ягон аломат гузашт ва ӯ на табобат ва на бистарӣ буд.

"Дар рӯбарӯи шумо нафаре қарор дорад, ки ин маризиро бе ягон аломат паси сар кард. Пизишкон муайян намуданд, ки ман низ мубталои ин дард шудам, аммо маро зуд вирус раҳо кард", - афзудааст Лукашенко.

Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 97 дарсади шаҳрвандони ин кишвар маризии коронавирусро ба мисли ӯ бидуни мушкилӣ паси сар намуданд.

Лукашенко нақл кард, ки чӣ гуна дӯсташ Раҳмон вориди Душанбе шуд, то тартибот ҷорӣ кунад
Қаблан Александ Лукашенко гуфт, пас аз ба худ омадани ҷаҳон баъди коронавирус як чизи муҳимеро хоҳад гуфт.

Лукашенко: вақте коронавирус нест мешавад, ман ба шумо чизҳои аҷиб нақл мекунам - видео

Дар баробари ин кишвардор қайд кард, ки ҳамаи вазъияти гирди коронавирус як психозеро мемонад. Ӯ он замон ду савол пешниҳод кард:

-оё коронавирус дастсохт аст?

-кӣ дар ҷаҳон мехост коронавирусро ба нафъи худ истифода кунад?

Бино ба тарзи гуфтори президент, Лукашенко аз чизе бохабар аст, ки дигар кишвардорон намедонанд.