Ду ҳазор доллар пора доду дастгир шуд: парвандаи масъули соҳаи тандурустӣ дар Истаравшан

Сардори муассисаи давлатии Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар шаҳри Истаравшан Бобоҷониён Раҳмон, ҳангоми додани ҳудуди 2000 доллари амрикоӣ пора дастгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Аваззода Шараф, сардори Раёсати Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, Бобоҷониён Раҳмон барои он чунин миқдор пора пешниҳод кардааст, ки фаъолияти КАТС - и шаҳри Истаравшан мавриди санҷиши кормандони Идораи мубориза бо фасод қарор нагирад

"Санаи 18 - уми июни соли 2020, вақте кормандони оперативии мо барои санҷиш мераванд, роҳбари муассисаи давлатии Кумаки аввалияи санитарю тиббӣ” и шаҳри Истаравшан Бобоҷониён Раҳмон ба кормандони мо пора пешниҳод мекунад. Дар вақти додани пора 1900 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ пора Бобоҷнониён дастгир карда шуда, нисбаташ бо моддаи 320 қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол тафтиши пешакӣ идома дорад”, - гуфт Аваззода.

Сардори Раёсати Ожонси мубориза бо фасод дар Суғд афзуд, баъди дастгир шудани роҳбари КАТС дар шаҳри Истаравшан дар ин муассиса санҷиши молиявӣ анҷом дода шуда, бо тартиби се мавод камбудиҳои ҷойдошта муайян карда шудааст.

Пул деҳ ҷазоятро сабуктар мекунам: боздошти судя бо 30000 сомонӣ пора

Аваззода Шараф дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло тафтиши муқаддамотии парванда ин масъули соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Истаравшан идома дорад.

Боздошти афсар барои талаби пора аз бародари сарбоз

Раёсати мубориза бо фасод дар Суғд мегӯяд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 13 ҷиноят нисбати 13 кормандони соҳаи тандурустӣ сабт гардидааст.

Ба изҳори ӯ,  6 ҷиноят дар шаҳри Хуҷанд бо моддаи 324 (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ), дар шаҳри Бӯстон 2 ҷиноят бо моддаи 314 (суйистифода аз мансаб), дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 2 ҷиноят бо моддаи 324, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 ҷиноят бо моддаи 319 (гирифтани пора), дар ноҳияи Спитамен 1 ҷиноят бо моддаи 247 (қаллобӣ), дар шаҳри Истаравшан 1 ҷиноят бо моддаи 245 ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.